- чор
- I[چار]шакли кӯтоҳи шумораи миқдории чаҳор; чор кас медидагӣ писанди умум, намоён, чизи маъқул ва назаргир; чор тараф қибла бе ҳеҷ монеа, роҳ кушода ва бемонеа; чор-чор чортоӣ, чоркасӣ, иборат аз чор; чор даҳан гап задан каме сӯҳбат кардан; чашм чор будан сахт дар интизор будан; чашми касеро чор кардан хеле интизор ва чашмбароҳ кардан; ба чор танга намеарзад ҳеҷ қадр ва арзиш надорадII[چار]ниг. чол 2III[چار]шакли кӯтоҳи чора; чору ночор хоҳу нохоҳ, ноилоҷ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.